Маъмурияти дипломатии сафири Эрон дар Тоҷикистон ба поён расид

Дирӯз, 21-уми августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собириро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои ВКХ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор додаанд.

— Вазир ба сафири Эрон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *