Манъи рондани таксӣ барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов бо имзои қарори нав, иҷозаи фаъолияти муҳоҷиронро дар хизматрасонии таксӣ маҳдуд кард.  

Аз аввали моҳи октябри соли равон, муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд, ҳаққи рондани таксиро надоранд. Дар ин бора хабаргузории “РБК” хабар дод. 

Корфармоён се моҳ муҳлат доранд, то шартномаҳои ҷорӣ бо муҳоҷиронро қатъ кунанд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин тасмим “беҳтар сохтани сифату амнияти хизматрасонӣ ва фароҳам сохтани имкониятҳои бештари шуғл барои шаҳрвандони Русия аст”.

 Ҳамчунин, то охири соли 2025 таъсири иҷтимоиву иқтисодии ин маҳдудият арзёбӣ шуда, дар бораи идомаи он дар соли 2026 тасмим гирифта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *