Манижа дар байни 26 нафар дар «Евровидение 2021» ҷои 9-ро гирифт!

Сарояндаи ҷавони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари «Евровидение 2021» дар шаҳри Роттердами Ҳолланд муаррифӣ мекард, дар даври ниҳоии ин озмун дар байни 26 иштироккунандаи ҷои 9-ро ба даст овард. Ин дар ҳолест, ки таронаи ӯ бо номи Russian Woman дар канали расмии «Евровидение» дар Ютуб дар умум беш аз 22 миллион тамошобин ҷамъ оварда, дар байни ҳамаи иштирокчиёни озмун аз ҳама пуртамошобин буд.

Имсол ҷои аввалро дар ин озмун намояндаи Италия Måneskin бо таронаи Zitti E Buoni соҳиб шуд. Ба ин тартиб, соли оянда озмуни «Евровидение» бояд дар Италия доир шавад.

Алорағми гфтаҳои бадхоҳонаш дар Русия, Манижа Сангин тавонист дар байни 10 беҳтарин сарояндагони аврупоӣ ҷойгир шавад.»Ман бо ин дастовар ифтихор мекунам» гуфт ӯ пас аз баромадаш. Воқеан, охир ӯ аз 17 нафар сарояндаи машҳури дигар пеш гузашт!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *