Мансабдори тоҷиктабор Равшанбек Собиров аз ҳукумати Қирғизистон берун карда шуд (аудио)

Баъди низоъҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва хабарҳо дар мавриди фишор ба тоҷикон дар Қирғизистон, хабар дода шуд, ки як нафар мансабдори тоҷик дар ҳукумати ин кишвар Равшанбек Собиров аз мақомаш барканор шудааст.

Сомонаи президенти Қирғизистон хабар дод, ки Равшанбек Собиров “бо хоҳиши худ” аз мақоми мудири Оҷонси миллии сармоягузорӣ канор рафтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз азияту озори тоҷикон дар Қирғизистон хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки Равшанбек Собирови 52-сол дар ноҳияи Қаросуи вилояти Уш дар оилаи тоҷик ба дунё омада, аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба уҳда дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.