Маняки сагҳо дар кӯчаҳои Хуҷанд

Тавре ВКД хабар медиҳад, шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи санҷиш оид ба навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он шахси номаълум дорандаи се адад сагҳои зоти немисии «Овчарка» гӯё дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷароҳатрасонӣ ва нобудсозии сагҳои кӯчагӣ машғул аст, муайян намуд, ки ин рафтори нороҳаткунанда аз ҷониби шаҳрванд Темуров Ато Ҷӯраевич, соли таваллудаш 21.05.1975, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Давронбек Аҳмадбеков анҷом дода шудааст.

Паҳн гаштани навори мазкур дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабаранадагони сомонаҳои иҷтимоӣ милитсияи шаҳри Хуҷандро водор намуд, ки шахсияти иштирокчии ҳодисаро ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб муайян намояд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳрванд Ато Темуров гирифтори бемории руҳӣ буда, аз соли 1995 то инҷониб дар қайди Маркази бемориҳои руҳӣ-равонии вилояти Суғд қарор дорад. Номбурда қобилияти ромкунии (дрессировщик) сагҳоро дошта ҷиҳати омӯзонидан ва тарбияи сагҳои хонагӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонад. Се адад саги зоти немисии «Овчарка»-и дар навор инъикос ёфта низ ба дигар шахсон тааллуқ дошта, танҳо ба хотири тарбияву ромкунӣ дар ихтиёри ӯ гузошта шуда буд.

Ҳолати гӯё ҳамарӯза машғул шудан ба нобудсозии сагҳои кӯчагӣ аз ҷониби Ато Темуров дар шаҳри Хуҷанд воқеъият надошта танҳо амали як дафъаина буд, ки бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Айни ҳол шаҳрванд Темуров Ато Ҷӯраевич боздошт ва барои табобат ба Маркази бемориҳои руҳӣ-равонии вилояти Суғд дастрас карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.