Дилафрӯз Саидӣ: Донишҷӯёни мо таҷрибаомӯзиро дар Украина мегузаранд

Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 8 ихтисоси нав довталабонро қабул намуд.

Аз рӯи ихтисосҳои дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ, истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ пурра аз рӯи нақша довталабон комёб гардиданд. Дар ин бора директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.   

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» 10 нафар донишҷўёни донишкада иштирок намуда, Меҳрангез Зоҳирова-донишҷўйи соли якуми ихтисоси молия ва қарз аз фанни химия ҷои якум ва Қадриддин Ҷураев донишҷўйи курси чоруми ихтисоси технологияи иттилоотӣ ва барномарезӣ аз технологии иттилоотӣ ва Шарифҷон Абдуллоев муҳассили курси 3 ихтисоси идоракунии иқтисодии корхона мақомҳои дуюмро аз фанни аз назарияи иқтисодӣ ба даст овардаанд.

Дилафрӯз Саидӣ афзуд, ки имсол  байни ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи он ҳамкории гуногун, алалхусус таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ба назар гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *