Норасоӣ ҳаст? Аввалин ҷаласаи Исмоилзода дар мақоми нав

Роҳбарони  муассисаҳои мактаб-интернати шаҳри Душанбе, ки маблағгузориашон аз буҷети давлатӣ аст, ба Баҳром Исмоилзода, сардори нави Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гузориш доданд.

Онҳо гуфтаанд, ки барои шароити хуби тарбиягирандагон, таъмини саривақтии онҳо бо хӯроки гарм ва базаи моддию техникии муассисаҳои зикргардида, норасоӣ  мавҷуд нест.

Ҷаласаи  назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода  имрӯз, 10 март дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ҷиҳати мунтазам баргузории корҳои ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати дониши хонандагон, одобу ахлоқ, истифодаи самараноки телефонҳои мобилӣ, таъмини хатмкунандагон ҷиҳати гузаштан аз озмоишҳои дохилшавии Маркази миллии тестӣ, муайян намудани интихоби дурусти касб аз тарафи хатмкунандагон, ҷалби бештари хонандагони литсейю гимназияҳои буҷетии шаҳри Душанбе ба маҳфилҳои рушди истеъдодҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *