Ректори ДДЗТ аз вазифааш барканор шуд

Имрӯз, 24-уми ноябр Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз вазифааш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷило Гулназарзода таъин шуд.

ҲОЛНОМА
Раҷабзода Маҳмадулло 04.01.1958 дар оилаи коргар дар ноҳияи Муъминобод, вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар шаҳраки Муъминобод хатм намуда, пас аз он солҳои 1976-1978 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмати ҳарбиро адо кардааст. Солҳои 1978-1983 таҳсилро дар факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб идома дода, бо гирифтани касби филолог: омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ва ихтисоси иловагии педагогика соҳиб гаштааст. Сипас, солҳои 1983-1993 омӯзгори забон ва адабиёти руси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №2 ноҳияҳои Ҳисору Муъминобод, 1993-1994 методисти шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1994-2002 декани шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи Коллеҷи савдои шаҳри Душанбе, солҳои 2002-2005 дар вазифаҳои проректор оид ба тарбия, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, декани факултети омӯзиши ғоибона ва проректор оид ба таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов кор кардааст. Солҳои 2005-2009 декани факултети филологияи рус, проректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва солҳои 2009-2014 декани факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгориии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи проректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *