Вазири маориф: Ба Русия меравам!

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки бо ҳамроҳии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба Русия меравад, то ки масъалаи густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва омӯзиши забони русиро дар кишвар матраҳ кунад.

“Қарор аст, ки ба қарибӣ ба Русия сафар кунем. Ман доир ба сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, вазъи мактабҳои русзабон ва мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон маърӯзаи муфассал омода кардаам, ки ба ҳамкорони рус ироа хоҳам кард. Ҳамчунин доир ба норасоиҳо ва густариши ҳамкориҳо масъалагузорӣ хоҳам кард”,-гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Имомзода гуфт, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон танқисии омӯзгорони забони русӣ эҳсос мешавад:
“Дар ҷумҳурӣ муаллимони забони русӣ намерасад, ин як чизи табии аст, лекин мо кӯшеш мекунем, дар кӯтоҳтарин муҳлат ин мушкилотро ҳал намоем. Дар ин бора супориши Президент ва ҳам дастури Ҳукумат ҳаст, то норасии омӯзгорони забони русиро аз байн бубарем. Мо барои ин кор имконият дорем», — гуфт вазири маориф ва илм.

Вай зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҳоло дар қаламрави кишвар 65 нафар омӯзгори забони русӣ ва 98 нафар омӯзгори забони англисӣ намерасад.

Ҳамзамон, вазир таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳо вуҷуд надорад.
«Дар саросари кишвар мактабҳо бо забони русӣ фаъол ҳастанд. Дар мактабҳо ҳам синфҳои русӣ ва ҳам синфҳои тоҷикӣ мавҷуданд. Мо қариб ягон мушкилот надорем. Ҳамаи масъалаҳое, ки миёни Тоҷикистону Русия буданд, алакай ҳалли худро пайдо карданд”, — гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Дар ҳамин ҳол, вазири маориф зикр кард, ки дар рӯзҳои наздик шартнома дар бораи сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳр — Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода ба имзо хоҳад расид ва сохтмони мактабҳо оғоз меёбад.

Дар ҳар кадоме аз 5 мактаб то 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта гирифта шуда, nаълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *