Марҳилаи интихобӣ миёни духтарони то 20-сола оғоз шуд

6-уми август дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20) оғоз шуд.

Дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «С» тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Австралия, Тайбэйи Чин ва Фаластин ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва се тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *