Марди 52-сола барои ҳаракатҳои шаҳвонии зӯроварона нисбати кӯдакон боздошт шуд
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванди 52-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳокимов Низом, сокини ноҳияи Ванҷро ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонии зӯроварона боздошт намуданд.

Тавре аз Раёсати ВКД хабар дода мешавад, Ҳокимов Н. дар ҳудуди шаҳри Душанбе нисбати кӯдакони баръало ноболиғ ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвониро анҷом додааст. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва санҷиши сабтҳои камераҳои назоратӣ, даст доштани ӯ дар се ҳолати чунин кирдорҳо собит гардидааст.
Айни ҳол нисбати Ҳокимов Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар боздошт қарор дорад. Тафтишоти иловагӣ ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ