Марги ду бародар дар як садама

Шаби 26 сентябр, тахминан соати 22:45, дар километри 550-уми шоҳроҳи федералии М-5 «Урал» дар наздикии шаҳри Нижний Ломов, воқеъ дар 110-километрии шимолуғарби шаҳри Пенза, ду мошини сабукрави «Lada Priora» ва «Ford Focus» ба ҳар бархӯрдаанд.

Дар натиҷаи садама, ронандаи 46-солаи «Лада» ва мусофири 38-солаи вай дар ҷои ҳодиса бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон ба ҳалокат расидаанд. Як манбаи сомонаи «Ахбор» хабар дод, ки қурбониёни ин ҳодиса ҳарду аз Тоҷикистон – бародарон Бахтиёр ва Зафар Қурбоновҳо, зодагони Исфара мебошанд.

Бино ба иттилоии ГИБДД вилояти Пенза, ронандаи «Форд» ҷароҳати сабук бардошта, баъди расондани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҷои ҳодиса бо пои худ ба хонааш рафтааст.

Тафтишот бояд сабабҳои ин садамаи марговарро маълум кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *