Марги кӯдаки яксола зери чархи мошини боркаш

Рӯзи 30 апрел, соати тахминан 15:30 Аҳмад Миршарифзодаи яксола дар роҳи деҳаи Таги ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод зери чархи мошини боркаши ГАЗ-53Б ба ҳалокат расид. ВКД мегӯяд, ронандаи мошин Бегназар Мирзоев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

30-юми апрели соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53Б”, Мирзоев Бегназар Ғоибович, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди деҳаи Таги ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол, Миршарифзода Аҳмад Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 2017, сокини деҳаи Калназари ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Мутаассифона, бо рух додани чунин ҳодисаи нохуш хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *