Марги нобаҳангоми сарояндаи машҳури рус Юрий Шотунов
Сарояндаи машҳури рус Юрий Шотунов 23-юми июн дар синни 48 — солагӣ даргузашт. Ӯ солҳои 90-ум қолаби классикии эстрадаи шӯравиро шикаста, бо ҳунару ҷилои нави ҳунарӣ ба саҳна баромад.
Ӯ солиёни дароз дар гурӯҳи овозадори «Ласковий май» овозхонӣ мекард ва аз солҳои 90-ум инҷониб на танҳо миёни мардуми рус, балки дар Тоҷикистон низ шуҳрату ҳаводорони зиёд дошт.
Ӯ дар жанрҳои «диско», «поп», «шансон» ва «электронная музыка» суруда, охирон маротиба соли 2018 албоми худро бо номи » Не молчи…» ба мухлисонаш тақдим намуда буд.
Ҳамзамон, ӯ соҳиби ҷоизаҳои Фестивали телевизионии «Песня года» (2002, 2009, 2012, 2013) ва Хит-парад «Звуковая дорожка» (1988, 1989, 2015) гардидааст.
Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир Юрий Шотунов аз бемории дил азият мекашид.
Шарҳ