Марги узви комиссияи рамзҳои давлатӣ

Рӯзи 8 сентябр дар оромгоҳи Тангак дар Конибодом журналист ва арбоби давлатии шинохта Нӯъмонҷон Мӯъминовро ба хок супурданд. Нуъмонҷон Муъминов дар синни 69 аз олам чашм пӯшид.

Нӯъмонҷон Мӯъминов солҳои 1996-2003 дар мақоми муовини раиси шаҳри Конибодом ва солҳои 2005-2007, то замони ба нафақа рафтанаш, дар мақоми сардори идораи фарҳанги вилояти Суғд кор кардааст. Ӯ муаллифи чандин китоб ва аз ҷумла «Қомуси Конибодом” мебошад, ки соли 2018 нашр шуд. Нӯъмонҷон Мӯъминов дар аввалҳои солҳои 90 узви комиссияи рамзҳои давлатӣ буд ва дар интихоби парчам, нишон ва гимни Тоҷикистон саҳм гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *