Маргро аз асирӣ боло гузошт

Дар ҳошияи 100-солагии иштирокчии ҶБВ Чӯтак Уразов

Имрӯзҳо халқи тоҷик чун дигар сокинони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ҷашн гирифта, хотири шаҳодатёфтагону қаҳрамонон ва қурбониёни ин фоҷиаи даҳшатноктарини кураи заминро пос медоранд. Ин ҷанги даҳшатноктарини таърихи инсониятро на халқи немис, балки тӯдаи хунхори фашистон, ки дар садри роҳбарии кишвари Олмон буданд ва аллакай давлатҳоеро, чун Полша, Чехия, Славакия, Булғористон, Юнон, Норвегия, Дания ишғол карда буданд, оғоз намуданд. Ва ин оғози даҳшат барои мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба рӯзи 22-юми июни соли 1941 рост омад.  Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1418 шабонарӯз идома ёфт.

Дар солҳои ҶБВ 34 миллиону 476 ҳазор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуда буданд, ки намояндагии 51 миллату халқиятро ташкил медоданд. Ин ҷанг барои кишвар ва халқи он ниҳоят фоҷиаангез ва харобиовар буд. Дар 5 соли ҷанг 27 миллион халқи советӣ қурбон гашт, ки аз ин шумора 18 миллионаш сокинони осоишта буда, дар лагерҳо, аз партоби бомбаҳо ва аз террори фашистон ба ҳалокат расида буданд.

         Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 260 ҳазор сокини Тоҷикистон баҳри ҳимояи Ватан бархоста, 92 ҳазорашон ҷони худро қурбон намуданд. Месазад ин ҷо дар бораи фарзанди диёрамон Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Чӯтак Уразов, ки имсол 100 солагии мавлудаш мебошад, сухане  чанд аз қаҳрамониаш гуфта бошем.

         Чӯтак Уразов соли 1920 дар деҳаи Шулуми (ҳоло Долон) –и ноҳияи Шаҳринав, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1941 Омӯзишгоҳи механизатории шаҳраки Чептураро хатм карда, то соли 1943 дар хоҷагии ба номи В.И.Ленин кор кардааст. Моҳи майи соли 1943 ба набард даъват шуда, дар полки 375-уми тирандозии двизияи 219-ум дар ротаи 1-ум ҳамчун пулемиётчӣ ба хизмат шурӯъ кард. Соли 1944 ҳангоми рахна кардани хатти душман 2 пулемиётро ғанимат гирифт. 14 июли соли 1944 взводи Ахметгалин, ки Чӯтак Уразов дар он хизмат мекард, ба рахнаи хандақи 2-юми хатти ҳуҷум гузашта, 50 нафар фашистро нобуд карда,  18 нафарро асир гирифтанд. Моҳи августи соли 1944 ҳангоми озод кардани Латвия 11 нафар разведкачӣ, ки Чӯтак ҳам дар ҳайаташон буд, ба ақибгоҳи душман равона шуданд. Чӯтак Уразов дар муҳориба аз ҳар ду по тир хӯрда бошад ҳам, пулемиёташро ба зери шарвонии биное, ки дар назди корзор воқеъ буд, баровард. Ҳангоми задухӯрд вай 9 нафар фашистро нобуд кард. Фашистон биноро оташ заданд, аммо  аз бом нафаромад. Вай маргро аз асирӣ афзалтар донист.

         Ба кори умумии Ғалаба бар фашизми ғаддор мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳринав низ саҳми арзанда гузоштаанд. Қаҳрамонии ҷовидонаи Чӯтак Уразов сароғози ифтихороту сарбаландии мо мебошад. Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мувофиқи маълумотҳои бойгонии Комиссариати ҳарбии ноҳия дар давоми солҳои 1941-1945 зиёда аз 2000 ҷавонони шаҳринавӣ ба майдони набард рафта, шуҷоату мардонагии зиёде нишон додаанд, ки номи онҳо дар китоби таърихи Ватан бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ҷанговарони баъди ғалаба ба зодгоҳашон баргашта қариб 1500 нафарро ташкил медод, имрӯз бошад, ҳамагӣ 5-нафарашон дар қайди ҳаёт буда, чун чеҳраҳои ғанимату таърихӣ бо мо зиндагӣ доранд ва аксарияти онҳо бемору ранҷур ва бистарӣ мебошанд, ба монанди Қодиров Абдулазиз, Қурбонов Холмурод, Нургалиева Рашида, Холмирзоев Мирзо, Юнусов Мирахмед. Фарзандони Шаҳринав Хол Саидов, Глушков Иван Михайлович бо ордени шарафи дорои се дараҷааш Турдӣ Бобомуродов, Явқоч Нафтуллоев, Азиз Қодиров, Бердӣ Носиров, Амон Сироҷов, Гадо Қодиров, Саид Қодиров, Очилди Алиев, Абдураҳмон Юлдошев, Холмурод Шарипов, Хайрулло Неъматов, Нор Гулов, Бури Сафаров, Неъматулло Ибодов ва бисёр дигарон бо орденҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд. Имрӯз мо бояд ба қадри падару бобоёни худ расида, насли ҷавонро дар рӯҳияи ҳифзу ободии Ватан ва қаҳрамониву шуҷоати фаромӯшнашавандаи онҳо тарбия намоем. Дар ин рӯзи фархунда собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат ва тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати 75-умин солгарди Ғалабаи бузурги инсоният бар фашизм муборакбод гуфта тансиҳатию хонаободӣ ва сулҳу оромии ҳамешагӣ таманно дорем.      

Ҷ.Сатторов, раиси Шӯрои собиқадорони

ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳринав                                         

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *