Маърифати исломӣ: Чаро хар ҳарому асп ҳалол аст?
Дар китобе хондам, ки дар замони Паёмбар (с) хӯрдани гӯшти хар ҳалол будааст. Чаро баъдан он ҳаром шуд?
ФАТҲУЛЛО, ноҳияи Ёвон
Посух:
— То ҷанги Хайбар хӯрдани гӯшти хар ҳалол буд. Ҳазрати Пайғамбар (с) харро баъди ҷанги Хайбар ба тариқи илҳоми Худовандӣ ҳаром гардонд.
Дар бораи ҳаром будани гӯшти асп ваҳӣ ворид нашудааст. Аз он ки асп асбоби ҷангӣ маҳсуб меёфт, ҳазрати Имоми Аъзам иҷозат намедоданд, ки гӯшти аспро истеъмол кунанд. Вале се рӯз пеш аз маргашон гӯшти аспро дуруст, аммо макруҳ гуфтанд. Вақте пурсиданд, ки чаро макруҳ аст, посух гуфтанд, ки он вақт силоҳи ҷангӣ асп буд, агар чунин таҳдид накунанд, аспҳо шумораашон кам мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ