Маърифати исломӣ: Китобҳои ҳанафӣ кадомҳоянд?
Мо мардуми Тоҷикистон ҳама мусалмонони ҳанафӣ ҳастем. Мехоҳам мазҳабамонро бештар омӯзам. Кадом китобҳои муътамад вуҷуд доранд, ки метавон аз онҳо мазҳаби ҳанафиро омӯхт?
ҶАСУР, ноҳияи Деваштич
Посух:
– Китобҳои фиқҳие, ки дар мазҳаби ҳанафӣ мавриди эътимод қарор гирифтаанд, чаҳортоянд:
Китоби аввал: “Маҷмаъу-л-баҳрайни ва мултақо-н-наҳрайн”-и Музаффаруддин Аҳмад ибни Алӣ, маъруф бо номи Ибну-с-соъотӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).
Китоби дувум: “Канзу-д-дақоиқ”-и Имом Абу-л-баракот Абдуллоҳ ибни Аҳмади Насафӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).
Китоби савум: “Виқояту-р-ривояти фӣ масоили-л-ҳидоя”-и Имом Тоҷу-ш-шариъа Ал-Маҳбубӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).
Китоби чаҳорум: “Ал-Мухтору лил-фатво”-и Абу-л-фазл Абдуллоҳ ибни Маҳмуд ибни Мавдуди Мавсилӣ (раҳмати Аллоҳ таъоло бар ӯ бод).
Ба ин китобҳои чаҳоргона боз як китоби муҳими дигаре бо номи “Мухтасару-л-қудурӣ” илова мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ