садақа

Маърифати исломӣ: Ба ҷӯгӣ садақа диҳам?

Ман ҳам ба гадоён ва ҳам ба ҷӯгиҳо аз рӯйи тавонам нон, қанд, дигар анвои хӯрокворӣ ва баъзан пул медиҳам, то хайр шавад. Ҳамсояҳоям мегӯянд, ки ба ҷӯгӣ садақа додан раво нест, ба лӯлиҳо хайр карда, ту баръакс гуноҳ мегирӣ. Ҷӯгӣ ҳам одам ва офаридаи Худованд аст, пас чаро ба лӯлиҳо садақа додан гуноҳ будааст?

ФАРАҲНОЗ, шаҳри Норак

Посух:

Садақа аз калимаи сидқ гирифта шудааст. Садақа ду намуд мешавад: садақаи фарзӣ ва нофила. Гирандагони садақаҳои фарзиро Худованд дар Қуръони азим-уш-шаън дар сураи Тавба, ояти 60 муайян кардааст. Садақаи нофила бошад, шахси муайяну мушаххас надорад. Мардуми мо ба арвоҳи гузаштагон гӯён, ба мардуми муҳтоҷ ба қадри имкон хайру садақа мекунанд. Ин ягон ҷойи бадӣ надорад.

Садақа додан ҳеҷ гоҳ гуноҳ намешавад, ҳатто ҷӯгиҳое, ки бо умед ба дари хонаи мову шумо меоянд, набояд навмед баромада раванд.

Шариати набавӣ барои ҷамъ овардани қутти якрӯза, яъне барои аз ҳалокат наҷот додани худ иҷозат медиҳад, вале аз якрӯза зиёдаш аз нигоҳи шаръӣ мамнуъ аст. Ҷӯгиҳо бо як-ду хона гаштанашон чизи бисёр ҷамъ мекунанд ва ҳатто захира ҳам мекунанд. Аз ҳамин нигоҳ, ба одамони фақиру нодор садақа кардан беҳтар аст. Садақаро ба касоне бояд дод, ки қобилияти кор кардан надоранд. Имрӯз мардони ҳузарбу занҳои хушсимоеро вомехӯрем, ки талбандагӣ мекунанд. Садақа додан ба ин тоифа чандон кори савоб нест, ҳатто баъзе уламо инро манъ ҳам кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *