Наимҷони Сайдалӣ ҳайвоноташро нишон дод

Наимҷони Сайдалӣ, ки ҳам овозхон ва ҳам продюссери хуб аст, ин навбат дар ютубканалаш наворе нашр кард, ки аз ҳунари фермадорӣ қисса мекунад.

— Ин гуна наворҳои мо чанд қисм ҳастанд. Дар қисми аввал фермаамро нишон медиҳам, ки дар он гову гӯсфанд ва заргӯш парвариш мекунам. Бисёр бародарон медонанд, ки ман аз хурдӣ ба парвариши ҳайвонот машғулам, зеро ин корест, ки дар ватани азизамон фоидаи хуб ба даст овардан мумкин аст,- мегӯяд дар аввали суҳбат.

Ӯ дар аввал бо нишон додани як гов мегӯяд, ки зоташ голандӣ аст ва дар як шабонарӯз 22 литр шир медиҳад. Гови дигарро, ки зоташ русист, мегӯяд, ки наздики 20 литр шир медиҳад.

Дар мавриди гӯсфандонаш мегӯяд, ки қисмеаш дар инҷову қисми дигараш дар чарогоҳ ҳастанд. Ҳамчунин, мегӯяд, ки оғили гӯсфандҳояшро худаш сохтааст.

Дар идома мегӯяд, ки ҳоло 500-600 заргӯш дорад. Ба гуфти ӯ, заргӯшпарвариро аз 4-5 дона сар кардааст. Ҳамзамон, мегӯяд ба 20 нафар обуначиҳояш заргӯш медиҳад, то ки онҳо ҳам ба ин навъи кор машғул шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *