Маърифати исломӣ: Гаҳвораи кӯдакро кӣ мехарад?

Дар мо анъана шудааст, ки пас аз таваллуд шудани фарзанд харидани гаҳвора бар дўши волидони зан аст. Дини ислом ба ин чӣ муносибат дорад?

САРВАРОЙ, ноҳияи Темурмалик

Посух:

Дар дини Ислом то ба балоғат расидани фарзанд таъмини хўроку пўшок, ҷойи зист ва дигар заруриёти зиндагӣ, инчунин табобати ў бар зиммаи падари фарзанд воҷиб аст, зеро Худованд дар ояти 233-юми сураи “Бақара” мефармояд: “Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хўроку пўшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст”.

Аз ин ҷиҳат харидани гаҳвораи тифл бар зиммаи падари кўдак аст. Он чӣ дар анъанаи мардум аст, ба қоидаҳои дини ислом рабте надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *