Тухмпазак ва роҳи эҳтиёт кардани сар аз он

Урааа! Маро табрик гӯед, дӯстон! Соҳиби тухмпазак, яъне тобаи тухмпазӣ шудам!

Рости гап, чанд рӯз боз хушҳолиям ҳадду канор надорад. Рӯзи шанбе ба бозори “Меҳргон” рафтам ва ниҳоят, баъди чор моҳи фикру андеша, тобаи тухмпазӣ харидам.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, чанд моҳ пеш дар худи ҳамин бозор, ки акнун макони хурсандиву хушҳолии ман шуд, бо фурӯшандаи тухмпазак гапамон гурехта буд. Айби бандаи ганда ҳам набуд. Вақте нархи тухмпазакро пурсидам, ҳамсояи фурӯшанда дандонҳои сафедашро нишон додаву гуфт, ки “ҷӯра, медонед нархи тухм чанд аст?”. Гуфтам, ки “медонам”. Танз зад: “Агар ки медонед, тухмпазак бихаред, лозим мешавад”. Ҳатто баъди чунин нутқ баланд-баланд хандид. Воқеан, ба фикр фурӯ рафтам. Андешидам, ки “рост мегӯяд, агар ҳозир тухмпазак бигираму ба хона барам, аммо тухм харидорӣ карда натавонам, вой бар ҳолам”. Баҳона пеш овардам, ки “тухмпазакатон беҳад сабук, мисли тунука”. Фурӯшанда ба ғазаб омад, аммо чизе нагуфт. Тухмпазакро аз дастам кашида гирифту рӯй турш кард.

Ин бор, чун назди ҳамон фурӯшанда рафтам ва ҳамон навъ тухмпазакро харидор шудам, маънидорона табассум кард ва гуфт: “Акнун метавонед бемалол тобаро бардошта баред, тухм арзон шуд, дигар янга нороҳат намешаваду саратон аз бало эмин мемонад”. Бо арзиши 70 сомонӣ тобаи тухмпазиро харидорӣ кардаву аз раста берун шуданӣ будам, ки фурӯшанда зарофатгӯӣ кард: “Тухмпазаки мисли тунука ҳам бошад, ба ҳар ҳол эҳтиёт шавед, дар ноомади кор монанди оҳан болои сар мефарояд”…

Хурсандиовар аст, ки баъди ранг зард карданҳову ҷоғ тафсонидан аз гароншавии нархи тухм, он ба поин майл намуд ва акнун тухми то 1 сомониву 70 дирам ҷаҳида ба 1 сомонӣ расид. Яъне, ба муддати номуайян ҳам бошад, дигар хавфи тухмпазак таҳдид намекунад. Агар нархи донаи тухм аз 1 сомонӣ ҳам поён раваду 70-80 дирам шавад, боз хуб.  

Дар омади гап, пиёз ҳам, ки чанде пеш мағрурона боло-боло ҷаҳидаву нархи 1 килояш то 12-13 сомонӣ расида буд, арзон шуд. Ҳоло 1 кило пиёзи бозоргузар 3 сомонӣ ва муътадилаш 2 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Хӯрдани пиёзу тухми бирён аҷаб ҳаловате дорад!

Фазлиддин АСОЗОДА          

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *