Мбаппе аз нарафтан ба “Реал” хурсанд аст

Килиан Мбаппе, ҳамлавари бошгоҳи “ПСЖ” пас аз он, ки бори чорум дар Лигаи якум ҷоизаи беҳтарин бозингарро соҳиб шуд, фикрҳояшро баён кард.

— Мо тавонистем чемпион шавем ва ба ин хотир миннатдориамро ба ҳама дастандаркорон мерасонам. Сар карда аз маъмурият, шурои директорон, кормандони соҳавӣ, кормандони тиббӣ, муҳофизон ва ғайраҳо, ки барои пешравии кори мо заҳмати зиёд мекашанд, ташаккур мегӯям,- гуфтааст ӯ.

Дар идомаи мусоҳиба Килиан Мбаппе доир ба напайвастан ба бошгоҳи шоҳонаи “Реал” гуфта, ба қавле худро хушбахт ҳисобидааст.

— Ман бисёр хурсандам, ки дар соли гузашта дигарбора бо “ПСЖ” шартномаи ҳамкориро тамдид кардам,- афзудааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки мавсими гузашта Мбаппе ҳамчун футболбози озод нахост ба “Реал” гузариш кунад ва шартномаашро бо бошгоҳи “ПСЖ” тамдид кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *