намоз

Маърифати исломӣ: Намозро кай хонем?

Вақти намози бомдод аз соати 04:21 то 05:50 аст. Мегўянд, ки агар намозро дар охири вақти муайншуда гузорӣ, аз зимма соқит мешавад, вале савоб надорад. Пас, гузоридани намоз дар вақти муайяншуда чӣ гуна савоб надорад? Оё савоби гузоридани намоз дар аввали вақт нисбат ба охираш ягон фарқе дорад?

МАҶИД, шаҳри Кӯлоб

Посух:

— Вақти намози бомдод аз дамидани субҳ шуруъ мешавад ва то тулуъи офтоб идома меёбад, чунонки дар ҷадвали вақтҳои намозҳо нишон дода шудааст. Аввали онро дар истилоҳи фиқҳӣ “ғалас” мегўянд, ки дар ин ҳолат ҳанўз осмон торик аст. Ҳангоме ки торикӣ ба охир мерасад ва равшанӣ ҳама ҷоро фаро мегирад, дар истилоҳи фиқҳӣ ба он “исфор” гуфта мешавад. Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ агар шахсе намози бомдодро дар ҳолати ғалас гузорад, намозаш дуруст мешавад ва савоб ҳам мегирад. Вале мустаҳаб ва хуб аст, ки намозро дар ҳолати исфор гузорад, зеро савобаш бештар аст.

Дар ҳадис омадааст, ки “намози бомдодро дар ҳолати исфор (равшанӣ) гузоред, ки аҷри он бузургтар аст”. Лекин чунон таъхир накунад, ки офтоб ба тулуъ наздик шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *