Мавлуда Юлдошева: Сари дастархон ҷамъ омадан оиларо мустаҳкам месозад

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» духтури оилавии МСШК №9-и шаҳри Душанбе, модари азиз Юлдошева Мавлуда мебошанд.

Азбаски Мавлуда Расуловна табиб ҳастанд, саволи мо ба эшон чунин аст:

— Чӣ бояд кард, ки тифлакони мо солим ба воя расанд?

— Ҳама мавҷудоти рўи олам рисолати аввалини хешро дар давом додани наслашон медонанд ва инсон, ки беҳтарин махлуқи офаридаи Худованд аст, аз ин шумул истисно нест. Мо инсонҳо тамоми буду набудамонро сарфи фарзанд мекунем, кўшиш менамоем, то онҳо дар шароити хуб зиндагӣ карда, хонанд ва ба қавли маъмул, одам шаванд. Аз ҳама бештар волидайнро вазъи солимии ҷигарбандон нигарон месозад, зеро саломатӣ бебаҳотарин гавҳар аст.

Мутаассифона, имрўз аксари модарон пайи ташвишҳои рўзгор муҳимтарин омил дар парваришу ба воя расидани кўдак — ғизои солимро фаромўш кардаанд. Чун ба атрофи худ назар мекунем, сари ҳар кўчаю пайраҳа, хоса дар назди боғчаҳо ва мактабҳо мизҳое гузошта шудаанд, ки болои онҳо анвои бесифату арзонбаҳои хитоӣ рўзҳою моҳҳо зери боду борон ва офтоби сўзон меистаду харидоронашон асосан кўдаконанд. Шахсони калонсоли кўдакро ҳамроҳӣ мекарда ба хотири зудтар халос шудан аз кўдак ва пайи кори худ рафтан як ё ду сомониро дода, бепарво барои ҷигарбанди худ беморӣ «мехаранд», зеро шириниҳои арзонбаҳою муддати истеъмолашон гузаштаи хитоӣ хоҳему нахоҳем, ба ҷисми чун гул нозуки кўдак зарари худро мерасонанд. Табибони кўдакона бар онанд, ки аз истеъмоли ин гуна маводҳои дар таркибашон элементҳои кимиёвии зараровардошта кўдакон гирифтори бемории рўдаю меъда, даҳону милкҳои дандон ва пўст мегарданд. Пас, моро лозим аст назорат барем, ки кўдаки мо чӣ мехӯрад ва он маҳсулот дар таркибаш чӣ дорад?

Мардуми тоҷик анъанаи қадими оиладорӣ дорад ва дар ин фарҳанг ҳикматҳои зиёди ибратомўз нуҳуфтааст. Як анъанаи хуби ниёгони мо, ки ҳоло дар он низ рахна ворид шуда истодааст, гирди як хон, саҳару нисфирўз ва бегоҳ истеъмоли ғизои сарҷамъонаи аҳли оила мебошад. Ин одати наҷиб ба фарзандон меҳр, ҳурмату эҳтиром ва дилсўзӣ меомўзад. Хурдон аз бузургсолони оила чӣ тавр сари дастурхон нишастану хўрок хўрдан ва суҳбат карданро меомўзанд. Сари як дастархон ҷамъ омадану аз як суфра нон хўрдан аҳли оиларо ба ҳам наздиктару қаринтар месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *