Маърифати молиявӣ. Ҳамоиши мутахассисони «Амонатбонк» дар Норак

Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён дар филиали муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант, воқеъ дар шаҳри Норак ҳамоиш баргузор намуданд.

Ҳамоиш дар ҳошияи татбиқи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» баргузор гардид. Зимни он кормандони «Амонатбонк» дар мавзуъҳои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, роҳҳои раҳоӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ ва қаллобон, бартарияти пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи дурусти ҳамёнҳои электронӣ ва дигар хизматрасонии молиявӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Ҳамзамон ба донишҷӯён барномаи мобилии «Амонатбонк» — «Амонат-мобайл» намоиш дода шуда, вобаста ба тарзу услуби фаъолият, афзалият ва мувофиқ будани истифодаи он, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар имконоти бонкию молиявӣ маълумот дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *