Маърифати молиявӣ. 5 маслиҳат барои истифодаи оқилонаи қарз
Қарз аслан барои ҳалли муваққатии мушкилоти молиявӣ аст. Аммо истифодаи нодурусти он боиси мушкилоти ҷиддӣ мегардад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи молиявӣ дар самти фаҳмиши дурусти қарз ва истифодаи оқилонаи он ниҳоят муҳим аст.
Қарз чист?
Қарз маблағест, ки шахс ё ташкилот ба шахси дигар барои истифодаи муваққатӣ медиҳад. Дар аксари ҳолатҳо, қарз бо шартномаи махсус дода мешавад ва бо фоизи муайян дар муҳлати муқарраршуда бояд баргардонида шавад. Қарзҳо метавонанд барои мақсадҳои гуногун, аз ҷумла хариди амвол, таҳсил, тиҷорат гирифта шаванд.
Кай бояд қарз гирифт?
Ҳар шахс бояд пеш аз гирифтани қарз ба саволҳои зерин ҷавоб диҳад:
1. Оё воқеан ба ин маблағ ниёз дорам?
2. Оё даромади кофӣ дорам, то қарзро саривақт баргардонам?
3. Оё ин қарз барои ҳалли мушкили муваққатӣ хизмат мекунад ё мушкилоти нав пеш меорад?
Қарз бояд танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ гирифта шавад. Ба мисли маблағгузорӣ ба таҳсил, хариди манзил ё амволи дигар, рушди тиҷорат. Гирифтани қарз барои хароҷоти нозарур, мисли хариди телефонҳои қиммат, сафар ба мавзеъҳои дурдаст, истироҳату фароғат ё либосҳои гаронарзиш метавонад шахсро ба мушкили иловагии молиявӣ гирифтор созад. Яъне, қарза карда хӯрдану кайфу сафо карда гаштан қобили қабул нест!
Фоиз ва муҳлат
Ҳангоми гирифтани қарз ду унсури муҳим бояд ба назар гирифта шаванд: фоиз ва муҳлати қарз.
Фоиз маблағи иловагӣ аст, ки барои истифодаи пул пардохт мешавад. Он одатан ҳамчун фоизи солона ҳисоб карда мешавад.
Масалан, агар шумо 10 000 сомонӣ бо фоизи 20% дар як сол қарз гиред, пас 2 000 сомонӣ фақат барои фоиз пардохт мекунед. Яъне, ин ба ғайр аз маблағи асосӣ аст.
Муҳлат – ин муҳлати умумии баргардонидани қарз аст. Қарзҳои кӯтоҳмуддат одатан фоизи камтар доранд, вале маблағи ҳармоҳаи пардохт метавонад зиёд бошад. Қарзҳои дарозмуддат фоизи умумии зиёдтар доранд, аммо пардохтҳои ҳармоҳа камтар мешаванд.
Истифодаи оқилона
Якум, нақшаи буҷет тартиб диҳед ва бовар ҳосил кунед, ки метавонед қарзро саривақт баргардонед.
Дуюм, пеш аз гирифтани қарз бо якчанд муассиса машварат кунед ва беҳтарин шартҳоро интихоб намоед.
Сеюм, танҳо миқдоре қарз гиред, ки баргардонидани он барои шумо имконпазир бошад.
Чорум, аз қарзгирии такрорӣ барои пардохти қарзи дигар худдорӣ намоед. Ин метавонад ба доимӣ қарздор шудан оварда расонад.
Панҷум, агар имконият дошта бошед, қарзро пеш аз муҳлат баргардонед, то камтар фоиз пардохт намоед.
Дар маҷмуъ, қарз гирифтан амали бад нест, он метавонад василаи пешрафт ва имконият бошад. Агар он бомасъулият ва бо дониши кофии молиявӣ истифода шавад. Аммо бидуни нақшаи дуруст ва фаҳмиши фоизу шартҳои он, қарз шахсро ба бори гарони молиявӣ ва стресс мубтало месозад.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ