Маърифати молиявӣ. Бехатар нигоҳ доштани пул

Дар ҷойи бехатар нигоҳ доштани пул низ аз кас ақлу дониш ва  фарҳангро талаб мекунад. Дар замони рушди босуръати технология ва молияи рақамӣ, масъалаи бехатар нигоҳ доштани маблағ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Бояд донем, ки пул на танҳо воситаи харид ва пасандоз, балки яке аз омилҳои асосии суботи иҷтимоӣ ва иқтисодии шахс ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги молиявӣ ва бехатар зарурати замон гаштааст.

Бехатар нигоҳ доштани маблағ чист?

Бехатар нигоҳ доштани маблағ – ин раванди ҳифзи дороӣ аз хавфҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, дуздӣ, қаллобӣ, талафот дар натиҷаи беэҳтиётӣ ё истифодаи нодуруст. Ин амал ҳам чанд восита дорад. Масалан, баъзеҳо дар ҷевон ё сейф пулро нигоҳ медоранд. Бархеи дигар бошанд, маблағро дар ҳисобҳои бонкӣ бо риояи қоидаҳои амн нигоҳ медоранд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки воситаи дуюм беҳтару бехатар аст.

Қадамҳои муҳим дар боло бурдани фарҳанги молиявӣ

Бисёре аз мушкилоти молиявии шаҳрвандон аз набудани дониш ва малакаҳои оддии молиявӣ сар мезананд. Ҳолатҳои қаллобӣ тавассути телефон, интернет, гирифтани қарзи ғайрмақсаднок, сармоягузории нодуруст ва гум кардани маблағ дар натиҷаи беэҳтиётӣ – ҳама аз набудани фарҳанги молиявии бехатар гувоҳӣ медиҳанд.

Чанд қадами муҳим ҳаст, ки барои ташаккули фарҳанги бехатар замина мегузоранд.

Якум, маълумотнокӣ. Яъне, омӯзиши асосҳои молия, шиносоӣ бо хатарҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо.

Дуюм, пасандоз. Одат кардани худ ба захираи маблағ барои ҳолатҳои фавқулода.

Сеюм, истифодаи бонкҳо. Нигоҳ доштани маблағ дар ҳисобҳои бонкӣ беҳтар аз нигоҳ доштани пули нақд аст. Зеро он бо кафолати бехатарӣ таъмин мешавад.

Чорум, муҳофизати маълумоти шахсӣ. Ҳеҷ гоҳ маълумоти корт, PIN-код, SMS-рамз ва дигар иттилооти молиявиро ба шахсони ношинос додан лозим нест.

Нақши волидон ва мактаб

Омӯзиши фарҳанги молиявӣ бояд аз кӯдакӣ оғоз шавад. Волидон бояд ба фарзандонашон на танҳо арзиши пул, балки роҳҳои дурусти истифода ва ҳифзи онро омӯзонанд. Дар мактабҳо бошад, дарси молиявии амалӣ метавонад ояндаи насли солим ва соҳибмаърифатро таъмин кунад.

Дар маҷмуъ, шахсе, ки маблағашро дуруст ва бехатар нигоҳ медорад,  суботи оилавӣ, иқтисоди шахсӣ ва ҳатто устувории иқтисодии кишварро таъмин менамояд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *