Маърифати молиявӣ. Даромади худро чӣ гуна бояд дуруст хароҷот ва танзим кард?
Калиди асосии расидан ба мустақилияти молиявӣ, пеш аз ҳама дуруст ба нақша гирифтани хароҷот аст. Ин амал на танҳо барои назорат кардани маблағҳо, балки расидан ба ҳадафҳои молиявӣ низ кумак мекунад.
Хароҷотро аз имрӯз ба нақша гиред. Чанд принсипи муҳимро бароятон мегӯем, ки барои пешрафт кӯмак мекунанд.
Якум, манбаи даромадро таҳлил кунед. Бубинед, ки чӣ қадар пул ҳар моҳ ё солона ба буҷети оилаи шумо ворид мешавад. Аз рӯйи он хароҷотро танзиму ба нақша гиред.
Дуюм, нақшаи хароҷот ва ташкили буҷаи моҳонаро тартиб диҳед. Омӯзед, ки то куҷо даромади шумо барои хароҷоти моҳона мерасад. Агар хароҷот зиёд аз даромад бошад, кӯшиш кунед, ки баъзе хароҷотро кам кунед.
Сеюм, аз нигоҳи иқтисодшиносон, таснифи хароҷот чунин аст. Бо истифода аз методҳои “50/30/20”. Ин чиро мефаҳмонад? Яъне, 50% барои зарурати ҳаррӯза, 30% барои ҳаққи пардохти хизматрасониҳо ва 20% барои пасандоз ё сармоягузорӣ.
Мафҳуми пасандоз ва сармоягузорӣ. Нигоҳ доштани маблағ барои ҳолатҳои зарурӣ ё махсус истифода мешавад. Кӯшиш кунед, то як миқдори муайяни пулро ҳар моҳ пасандоз намоед.
Пас аз пасандоз намудани маблағ, дар бораи чӣ гуна зиёд шудани он фикр кунед. Шумо метавонед, хона харед, тиҷорати хурд ташкил кунед ва ё пулҳои худро дар бонк пасандоз намоед.
Агар ба ҳадафҳои молиявии худ наздик намешавед, пас дар равиши кору зиндагии худ тағйирот ворид кунед.
Дар маҷмуъ, ҳар қадаме, ки хароҷот мекунед, бояд ба манфиати шумо бошад, на ба зиён!
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ