Маърифати молиявӣ. Чӣ гуна кӯдакро бо пул ва сармоягузорӣ ошно кунем?
Имрӯзҳо муносибат ба пул, фаҳмиши молия бештар аҳамият пайдо мекунад. Махсусан, истифодаи дурусти пул ба як малакаи зарурӣ табдил ёфтааст. Ҳар қадар кӯдак аз хурдӣ бо асосҳои молиявӣ ошно шавад, ҳамон қадар дар зиндагии баъдӣ худро озоду мустақил ҳис мекунад. Умуман, доштани саводи молиявӣ танҳо ҳисоб кардани пул нест. Он ба нақша гирифтани хароҷот, арзёбии меҳнат ва қабули қарорҳои дуруст низ мебошад. Кӯдаконе, ки аз хурдӣ малакаҳои зеринро меомӯзанд, дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои худ омодаву пухта мешаванд.
Аз чандсолагӣ бояд оғоз кард?
Аз синни 3-4-солагӣ. Кӯдак аллакай мафҳумҳои “бисёр” ва “кам”-ро мефаҳмад. Дар ин марҳила бозии «мағоза» хеле муфид аст: Кӯдак бозичаҳоро бо тангаҳои монанд ба бозича мехарад.
Аз синни 7-8-солагӣ. Одатан дар ин синну сол кӯдакон дар ҷайби худ пул мегиранд. Беҳтарин вақт аст, то ба онҳо пасандоз, фарқи байни «лозим» ва «мехоҳам» ва банақшагирии хароҷотро омӯзонем. Чӣ гуна равандро шавқовар кардан мумкин аст? Бо бозиҳои шавқовар ва барномаҳои ҷолиб. Бозиҳои монанди «Cashflow for Kids» кӯдакро бо буҷет ва сармоягузорӣ ошно мекунанд. Барномаҳои мобилӣ, мисли PiggyBot ва Bankaroo имкон медиҳанд, ки кӯдак амалӣ пасандозу хароҷоташро пайгирӣ кунад.
Нақшбозӣ низ барои фаҳмиши молиявии кӯдак муфид аст. Масалан, «рӯзи бонкӣ» ташкил кунед. Барои корҳои хонагӣ кӯдак «музд» мегирад ва баъдан онро барои чизе сарф мекунад. Ҳамин тавр, мефаҳмад, ки пул аз меҳнат ба даст меояд. Ё амали дигар, ки агар хоҳед фарзандатон донотар шавад, ба ӯ бар ивази аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ё дарсҳои иловагӣ бо пул ҳавасманд кунед. Барояш хариди планшет ё он чиро, ки завқ дорад, ваъда диҳед. Яъне, ин ӯро дилгарм мекунад ва минбаъд донишомӯзӣ ба амали пайваста табдил меёбад.
Агар фарзанд мехоҳад бозича ё китоб харад, ба ӯ кумак кунед, ки барои он пасандоз кунад.
Корти бонкӣ барои фарзанд
Ҳоло дар бонкҳо кортҳои махсус ё пасандоз барои кӯдакон пешниҳод шудаанд. Онҳо ба ҳисоби волидайн пайвастанд ва имкон медиҳанд, ки хароҷоти фарзанд тавассути барнома назорат шавад. Бо корт кӯдак бо пули рақамӣ ошно мешавад, ба нақша гирифтани буҷетро меомӯзад, барои хариди хурд: яхмос, чипта ба кино, китоб мустақилона пардохт мекунад.
4 маслиҳат ба волидон
Якум, аз ҷайби худ пул диҳед ва баъдан аз кӯдак пурсед, ки чӣ гуна онро сарф кардааст.
Дуюм, дар банақшагирии буҷаи оила имкон диҳед, ки фарзандатон ҳузур дошта бошад. Масалан, ҳангоми хариди хона якҷо тасмим гиред.
Сеюм, дар вақти харид молу маҳсулот, нархҳоро муқоиса кунед. Тахфифҳоро ҷустуҷӯ намоед, то маблағи боқимонда хароҷоти дигарро пӯшонад.
Чорум, ба хайрхоҳӣ одат кунед. Кӯдак дар пайравӣ ба шумо метавонад як қисми хурди пулашро барои кумак ба дигарон ҷудо кунад.
Хулоса, саводнокии молиявӣ аз хурдӣ бо роҳи бозӣ ва таҷрибаи рӯзгор омӯзонида шавад, беҳтар аст. Мақсад аз кӯдак муҳосиб, яъне хазинадор сохтан нест. Ба ӯ эътимод, фаҳмиши дурусти пулу муносибат ба сарвати оила зарур аст, то дар оянда мустақилона қарорҳои молиявӣ қабул карда тавонад. Вагарна, дороиву сарвати бо заҳмат ҷамъшудаи волидайн аз дасти фарзанди нозукиҳои молиявиро намефаҳмида бо панҷшоха барбод меравад.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ