Маросими қуръакашии ҶҶ Қатар-2022 баргузор шуд

1-уми апрел дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа маросими қуръакашии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баргузор шуд. Тибқи натиҷаи он дар бозии кушодашавии ҶҶ-2022 на дастаи мизбон, балки дастаҳои Нидерланд ва Сенагал ба майдон мебароянд. Дастаи мунтахаби Қатар бо дастаи мунтахаби Эквадор дар бозии дуюм ба майдон мебарояд.

Дар маросими қуръакашӣ чун ҳарвақта 32 даста ба ҳашт гуруҳ тақсим карда шуданд. Айни ҳол бошад, 29 дастаи ширкаткунанда маълуманд ва соҳибони се роҳхати дигар пас аз натиҷаи бозиҳои ҳазфӣ маълум мешаванд.

Натиҷаи қуръакашии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Қатар:

Гуруҳи А: Қатар, Нидерланд, Сенегал ва Эквадор

Гуруҳи B: Англия, ИМА, Эрон ва Уэлс/Шотландия/Украина

Гуруҳи C: Аргентина, Мексика, Лаҳистон ва Арабистони Саудӣ

Гуруҳи D: Фаронса, Дания, Тунис ва Перу/Австралия/АМА

Гуруҳи E: Испания, Олмон, Ҷопон ва Коста-Рика/Зеландияи Нав

Гуруҳи F: Белгия, Хорватия, Мароккаш ва Канада

Гуруҳи G: Бразилия, Швейтсария, Сербия ва Камерун

Гуруҳи H: Португалия, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ ва Гана

Чемпионати ҷаҳон аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон дастаи мунтахаби Фаронса мебошад, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2018 дар Русия пирўзӣ ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *