Маъруфи Абдуллоҳ: Дар рэп меҳмон ё роҳгузаре набудам

Пайроҳаи тайкардаи Маъруфи Абдуллоҳ аҷиб аст. Дар гузашта рэпсаро ва “баттлер” буд. Рэпҳои зиёде хондааст, ки ба дарди дили садҳову ҳазорҳо ошиқ наздик буданд. Ҳамчун “баттлер” низ “баттл”-ҳои аҷиб кардааст, ки аксаран ба рақибонаш ғолиб омадаааст. Акнун, ӯ аз рэп канор рафтаву ҳоло ҳамчун блогер шинохта шудааст. Як блогере, ки дар саҳифааш матолиби талқинкунандаи хайру саховат нашр мекунад ва нишон медиҳад, ки саховатмандон чӣ гуна дастнигаронро кумак мекунанд.

Мо бо Маъруф доир ба фаъолияташ дар чанд соҳа суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

Дастовардҳо аз рэп ва пушаймонӣ аз “баттл”

— Мо шуморо пеш аз ҳама ҳамчун рэпсарои рэпҳои ошиқӣ ва иҷтимоӣ мешиносем. Чӣ шуморо водор кард, ки ба рэпсароӣ рӯ оваред?

— Рӯ ба кори эҷодӣ овардан шояд дар хуни ман аст, зеро волидонам ба навиштани назму наср машғул буданд, ҳатто модарам китоби шеъру ғазалашонро чоп кардаанд. Аз наврасӣ мехостам ба навиштани шеър пардозам, ба ин кор шавқи зиёд доштам. Солҳои 2016-2017 дар кишварамон хондани рэп муд шуд, ҷавонон хеле зиёд ба ин соҳа рӯ оварданд. Ман ҳам кӯшиш карда, чанд рэп навишта, хондам. Чун дидам, ки атрофиён хуб қабул карданд, тасмим гирифтам, ки рэпҳоямро дар интернет нашр мекунам ва умуман корномаи рэпсароиямро оғоз мекунам. Ҳамин тавр, ба дунёи рэп ворид шудам ва чанд сол барои ҳаводорони ин навъи мусиқӣ маҳсули эҷодамро пешниҳод кардам.

— Ҳоло рэпсароён хеле қадри зиёд доранд, ҳол он ки чанд сол пеш мардум ба онҳо назари хуш надоштанд. Ҳамон вақтҳо шумо рэпхонӣ мекардед, назари аҳли оилаатон ба пешаатон чӣ гуна буд?

— Воқеан чанд сол пеш бархеҳо ба рэпсароён назари хуш надоштанд, зеро дар матнҳои рэпашон суханҳои дағалу ба фарҳанги мо нодуруст ба кор бурда мешуд. Ҳоло вазъият беҳ гардида, шунавандаи рэп хеле зиёд шудааст. Аҳли оилаи ман ҳам розӣ набуданд, аммо бо гузашти вақт тан доданд.

— Шумо дар рэп ҳам мавзуъҳои ошиқиро баррасӣ мекардед ва ҳам иҷтимоиро. Рэпҳои ошиқиро ба кадом хотир месароидеду  рэпҳои иҷтимоиро ба кадом хотир?

— Аксари рэпсароён дар бораи ишқу ошиқӣ мехонанд, зеро шунавандаи ин мавзуъ зиёд аст. Дар мавриди рэпҳои ошиқии худам бошад, бояд бигӯям, ки сужаашон асоси воқеӣ дошт.

— Рэп ба шумо чӣ дод?

— Рэп ба ман дӯстони зиёд дод. Ҳарчанд наздики се сол мешавад, ки дигар рэп намехонам, аммо ҳоло ҳам бо онҳо дӯсту бародарем.

— Рэпсаро будан душвор набуд?

— Барои ман рэпсаро будан ҳеҷ душворие надошт, зеро медонам, ки матнҳои хуб эҷод мекардам ва ба дарди шунавандаам малҳам мешуданд.

— Ҳамзамон, шумо ҳамчун “баттлер” ҳам хеле маъруф будед. “Баттл”-ҳои хуб кардаед. Оё ҳоло аз “баттл”-ҳои кардаатон пушаймон нестед?

— Албатта, пушаймонам. Бовар мекунед, ҳатто ҳавон вақте ки дар саҳна рӯ ба рӯ бо рақибам муҳорибаи сухан мекардем, ҳамон лаҳза худамро ногувор ҳис мекардам. Яъне, дар чунин муҳорибаҳо шахс маҷбур мешавад ба рақибаш суханҳои пасту баланд бигӯяд, аммо ҳамон вақт барои пул, машҳур шудан ва ғайрҳо “баттл” мекардам.

— Аксар “баттл”-ерон як гап доранд: «Мо дар “баттл” душманем, аммо дар ҳаёт дӯстем». Бигӯед, ки ба ин фикр шумо розиед ва оё имкон дорад, ки як одамро ҳам бад бубинӣ ва ҳам бад набинӣ?

— Албатта, ба ин гуфта розӣ шуда наметавонам, зеро инсон агар ба касе нафрату бадбинӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ бо ӯ ба муҳорибаи сухан намебарояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон расман ташкил кардани баттл мумкин нест. Ин хуб аст ё бад?

— Ба ин савол чавоб надорам, зеро дигар барои ман аҳамият надорад, ки “баттл” мешавад ё не.

Аз фаъолияти рэпсароиятон розиед ва оё ҳаст рэп ё баттл”-е, ки аз интернет тоза кардан хоҳед?

— Хурсанд аз он ҳастам, ки кадом соҳаеро интихоб кардам, то андозае муваффақ гардидам. Дар рэп меҳмон ё роҳгузаре набудам, балки ин саҳифаи ҳаётам пур аз дастовардҳо буд. Соле сазовори ҷоизаи “Кашфи сол”, соле “Баттлери сол”, ғолиби озмуни “Мушоира”, ғолиби чандин “Рэп-ҳафта” ва ғайраҳо шудам. Аз рэпҳое, ки хондаам, пушаймон нестам, аммо хуб мешуд, ки бархе “баттл”-ҳоямро аз саҳифаҳо тоза мекарданд.

“Ба осонӣ ба рэп омадам ва боз ба осонӣ рафтам”

Шумо ҳамчун рэпер бисёр муваффақ будед. Чӣ хел шуд, ки тасмим гирифтед ба Хонаи Худо биравед ва соҳаро тарк кардед?

— Пешопеши барномаи консертиам дар пахши мустақим бо мухлисонам суҳбат доштам, ки нигоҳ устодам Шон МС ба мо ҳамроҳ шуд ва хабар дод, ки ҳаҷ меравад. Ман ӯро табрик кардам ва гуфтам “кош, моро ҳам насиб кунад”. Ҳамин замон ӯ гуфт, ки “ҳамон шахсе, ки маро мебарад, агар туро ҳам таклиф кунад, розӣ мешавад?” ман бидуни фикри зиёдатӣ, розӣ шудам ва ҳамин тавр, ба хондани рэп хотима дода, ҳаҷ рафтам.

Шумо пас аз ҳаҷ дигар рэп нахондед. Оё аз коре, ки чандин сол мекардед, даст кашидан шуморо рӯҳан афсурда накард?

— Ҳамон вақт аз рэп даромади хуб меёфтам ва баъди хотима додан ба корномаи рэперӣ албатта, танқисӣ кашидам. Аммо шукр, ҳоло ҳамааш хуб аст ва аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашам.

Мегӯянд кори эҷодиро тарк кардан имкон надорад. Чун рэпсароӣ ҳам кори эҷодист, шумо чӣ гуна тавонистед, ки бас кунед ё ҳоло ҳам барои дигар рэпсароён матн менависед?

— Ман ба осонӣ ба рэп омадам ва боз ба осонӣ аз рэп рафтам. То имрӯз бо нияти рэп навиштан дафтару қалам дигар ба даст нагирифтам, зеро дар замини муқаддас қавл додам, ки дигар ин корро намекунам.

“Мақсади ҳамаи мо ба Ватан хизмат кардан аст”

— Ҳоло шумо ҳамчун блогер фаъолият доред. Дар саҳифаи Инстаграматон наворҳое мегузоред, ки ба мардум талқини хайр кардан ба муҳтоҷонро мекунанд. Чӣ гуна шуд, ки шумо ба ин кор машғул шудед?

— Дар блогинг самтҳои гуногун мавҷуд аст, ки блогерон мувофиқи худ интихоб карда, фаъолият мекунанд. Ман пас аз зиёрати Хонаи Худо ба ҳамин фикр омадам, ки тавассути чунин наворҳо дарду мушкилии эҳтиёҷмандонро ба саховатмандон бирасонам.

Баҳои шумо ба блогинги тоҷик чанд аст?

— Рӯз аз рӯз сатҳу сифати блогинги тоҷик беҳтар шуда истодааст. Ҳоло баҳои ман ба блогинг “хуб” аст.

— Чун медонем, ки шумо дар Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон фаъолият мекунед, мехоҳем дар ин масъала низ пурсем. Бигӯед, ки ҳамкории блогерон бо ассотсиатсия чӣ гуна ба роҳ монда мешавад? Яъне, чӣ гуна блогеронро аъзо мекунед?

— Албатта, фаъол будани Ассотсиатсияи блогерон бисёр хуб аст, зеро маълум аст, ки бо ташаббуси дастандаркорони ин ассотсиатсия фазои сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ беҳтар шудааст. Албатта, дар ассотсиатсия мекӯшанд, ки то қадри имкон блогеронро дастгирӣ кунанд. Шартҳои қабул ба ассотсиатсия бисёранд, аммо муҳимтарин шарт ин аст, ки блогер бояд барои нафъи ҷомеаву давлат фикру кӯшиш намояд, зеро мақсади ҳамаи мо ба Ватан хизмат кардан аст.

— Оё блогерон ба ассотсиатсия аъзоҳақӣ месупоранд ё умуман пул дар миён нақш дорад?

— Ин аз имконият вобаста аст. Ҳар касе имкон дорад, месупорад.

— Аз рӯи овозаҳо имсол ҳам маросими ҷоизасупории “Блогери сол” доир мегардад. Метавонед бигӯед, ки имсол чӣ гуна навгонӣ моро интизор аст?

— Албатта, навигариҳо хеле зиёданд, аммо махфӣ монанд, хуб мешавад.

— Як кори хуби ассотсиатсия ин аст, ки вобаста ба санаҳои муҳим ва иду айём масъулин наворҳои ангезадиҳандаро бо иштироки блогерон таҳия мекунанд. Бигӯед, ки видеоҳоро чӣ гуна тарҳрезӣ мекунед ва умуман саҳми киҳо бисёртар аст?

— Ҳамаамон фикрҳоямонро мегӯем ва як фикри умумӣ месозем. Албатта, саҳми Ғолиб Мӯсоев ва Додихудо Абдураҳимов бештар аст.

Ҳис мекунед, ки пас аз таъсиси ассотсиатсия боварии мардум ба блогерон зиёдтар шуд?

— Бале, даъвати блогерон ба чорабиниҳои давлатӣ шаҳодати он аст, ки ба блогерон эътимод зиёд шудааст.

— Бадбахтона, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд нафароне, ки дар наворҳояшон суханҳои қабеҳ истифода мекунанд ва беҷазо намемонанд. Ассотсиатсия дар ин маврид чӣ чораҳоро меандешад?

— Албатта, мо бетараф нестем ва миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳем.

— Чӣ нақшаҳо доред?

— Ният дорам, ки тавассути наворҳоям ба ниёзмандон кумакам зиёдтар бирасад ва боз наворҳои хубу талқинкунандаи ватандӯстӣ барои обуначиёнам пешниҳод кунам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *