«Марз-2021»: 8 ҳазор нафар дар маркази маъмурии вилояти Хатлон

Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода иттилоъ дод.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иброз намуд, ки “ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода будани на танҳо ҷавонони синни даъватӣ, балки ҳар ҷавонмарди бонангу номуси кишвар нишонаи рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост”.

Масуф зикр дошт, ки «танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Барои таҳкими неруи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбӣ ихтиёркарда, инчунин ҷавонмардони дар эҳтиёт қарордошта низ эҳтиёҷ дорем».

Ба фарзандони далеру ғаюри Ватан хотирнишон карда шуд, ки соҳибдавлат будан дар баробари унсурҳое, чун забони давлатӣ, таърихи пурифтихори бостонӣ ва арзишҳои неки фарҳангӣ аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлати миллӣ ва давлатдории навини мо, суботи сиёсии ҷомеа ва зиндагии осудаи мардум мебошад.

Таъкид гардид, ки амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат аз сатҳи омодабошии ҷангии он вобастагии мустақим дорад.

Тавре ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 июл, дар суханрониашон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ таъкид доштанд, дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза дар назди мо масъалаҳои бағоят муҳими амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор доранд.

Сарвари давлат хотирнишон намуданд, ки вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид намуданд, ки “мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!”.

Роҳбари давлат дастур доданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамсоя бо вилояти Хатлон зиёда аз 420 км, ки асосан аз минтақаву мавзеъҳои мураккаб ва душворгузар иборат мебошад, сарҳад дорад. Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан авзои Афғонистон оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсар ва шаҳрванди дар эҳтиёт қарордоштаи бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намуда, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд.

Тавре ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, «…сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад».

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар роҳпаймоии ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар зикр кард, ки “вазифаи асосии ҳайати шахсии Минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят ва ноҳияҳои мудофиаи ҳудудӣ, пеш аз ҳама, гирифтани пеши роҳи душманони миллат ва гурӯҳҳои ҷинояткори ба ҳудуди вилоят воридшуда ба ҳисоб меравад. Ҳар яки шумо, чун сарҳадбонон дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони вилоят қарор доред ва бояд интизоми ҳарбиро ба таври қатъӣ риоя намуда, доим ҳушёру зирак бошед, нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд”.

Машқҳои низомӣ дар сатҳи баланд гузаштанд. Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст.

Изҳори итминони комил шуд, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои тоҷик минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *