Марзия Растагор — Эрон

Сахт нагир

Гар миёни ҳеҷҳоем сӯроғи ту меоям,

Сахт нагир!

Бубин маро:

Маро, ки ҳанӯз барои хандаҳои ту,

Миёни хотироти мурдаам мегирям!

Рафтанатро бовар дорам,

Ин ки танҳоям,

Барнамегардӣ ҳатто агар бимирам!

Бовар дорам фаромӯшам кардӣ.

Ҳарчӣ байни мо буд ҳеҷ кардӣ,

Ин ки тамом шуд ишқ,

Нуқта гузоштӣ,

Сари хат рафтӣ!

Бовар кун танҳоиямро,

Интиҳои хати бе нуқта буданамро.

Ҳамаи дунёямро ҳеҷ кардӣ,

‍‍Пўчам гар сӯроғи ту меоям.

Бар ману дилтанагиҳоям сахт нагир!

Ҳеҷамро аз ман нагир.

***

Таваллуди ишқ

Қалбам тапид,

Дастам ларзид.

Чашмонам борид,

Шӯразори дилам,

Дашти шақоиқҳо шуд.

Тақсири ман набуд,

Қалбам тапид!

Дастам ларзид!

Чашмам борид!

Тақсири ман набуд,

Шақоиқ меҳмон шуд!

Банди дилам дар нигоҳат пўсида буд.

Оре, таваллуди ишқ,

Муқассир ин буд.

***

 Дилрабо …

Танҳоиямро ёфт,

Булӯри кӯдаконаамро шикаст.

Шоп‍аракамро  бол баст,

Себи сабзи хаёламро гоз зад.

Дар нигоҳи мастонааш,

Зебоиямро бӯсид.

Нози ниёзамро кашид,

Бол кушӯду дар оғӯшам гирифт.

Манро аз ман гирифт,

Манамро шикаст.

Манамро бо худ бурд,

Мани бе манро раҳо кард,

Расво карду рафт.

مرضیه رستگار- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *