мазор

Марқади бузургон дар чӣ ҳол аст?!

Муҳаббату ихлоси хоса нисбат ба шахсияту корномаи як қатор абармардони хизматнишондодаи илму фарҳанги тоҷик сабаб шудааст, ки банда тайи 4 соли охир зиёрати оромгоҳи эшонро ба ҷо меорам. Ин ҳафта низ яке аз оромгоҳҳои пойтахтро зиёрат кардаму ба риққат омадам.

Зимни боздид, баъд аз дуо кардану фотиҳа хондан ба арвоҳи бузургон назарам ба марқади академик Абдулғанӣ Мирзоев уфтод, ки дар ҳолати вайрону валангор қарор дошт.

Таърихи начандон дури халқи тоҷик аз хизматҳои шоёни таҳсини академик А. Мирзоев дар рушди илми шарқшиносии тоҷик шаҳодат медиҳад, ки ӯ, бешак, аз тобноктарин ахтар дар самои шарқшиносии мо аст ва дар ин асно гуфтаҳои академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи академик Абдулғанӣ Мирзоев пеши назар меояд: “Агар Тоҷикистон ба мисли Абдулғанӣ Мирзоев боз 4 шарқшиноси дигар медошт, шарқшиносии ҷаҳон дар дасти мо мебуд”.

Инчунин, мутобиқи далоилу сарчашмаҳо А. Мирзоев таъсисдиҳанда ва ташиклкунандаи Институти шарқшиносии АМИ ҶТ буда, дар ҷамъоварии ҳазорҳо нусхаҳои нодири осори адабиёти классик саҳми бориз дорад, ки то ба ҳол касе ба ҳадди ин марди фозил барорбар шуда наметавонад. Дар баробари ин, дар баргардон намудани баъзе аз нусхаҳову ба чоп таҳия намудани аксари девонҳои шоирони пешин даст доштааст… Умуман, хизматҳои илмии ин олими фарҳехтаву фақид на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва кишварҳои форсизабон назир надорад.

Аммо садҳо афсӯсу ҳазорҳо дареғ, ки мо имрӯз аз ҳолати марқади эшон фаромӯш кардаем. Санги мазорашон, ки сурати эшон бо баъзе навиштаҷот намедонам дар замони Шӯравӣ гузошта шуда буд, ҳамакнун на сурат намудор асту на он катиба. Аз таъсири гармову сармову боришот ва ахлоти парандагон чизе намудор нест. Гирди қабр, ки бо панҷараи хурде даврабандӣ шудааст, занг зада, баъзе ҷояш шикаста афтодааст. Болои қабрро бошад, алафҳои гуногун чунон пахш карда гирифтаанд, ки аз диданаш беихтиёр инсони огоҳро гиря гулӯгир мекунад. Дар бораи роҳаш сухан кардан ҳам ҷойи ҳоҷат нест…

Беҳад таъсирбахш аст, беҳад…!

Дар қатори қабри А. Мирзоев марқади дигар олимон низ, ба монанди Баҳром Сирус, Носирҷон Маъсумӣ, Ибодулло Нарзиқулов ва даҳҳои дигар аз ин бадтаранду беҳтар не!

Наход мо то ҳамин андоза аз вазъи қубури олимонамон бехабар монда бошем?! Чаро аҳли зиёи мо инҳоро нодида мегиранд? Чаро дар бораи ин гуна масъалаҳои доғи рӯз ҳарфе намегӯянд?

Аз шарми зиёд шахсан худам ба поккории турбати ин мардони фозил даст зада, алафҳои хушкшударо чида партофтам.

Аз муассисаҳои идоравӣ хоҳиши зиёд карда мешавад, ки сари ин масъала сар ба ҷайби тафаккур ниҳода, чорае биандешанд. Шарми кас меояд, ки хориҷиён ба зиёрат оянду ин ҳоли табоҳи моро бинанд.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *