Машъали Бозиҳои олимпии зимистона дар Пхенчони Корея

Бинобар иттилои КМОТ, ки ба иттилои раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 Ли Хи Бом такя намудааст, дар Пхенчони Корея сохтмони иншооти варзишӣ ва маишии вобаста ба бозиҳоро ба анҷом расониданд. «Мо мехоҳем, ки варзишгарон лаҳзаҳои беҳтарини умрашонро дар ин иншоот гузаронанд. Мо дар роҳи расидан ба ин мақсад қарор дорем. Иншоот, аз ҷумла, роҳи оҳан барои қатораи босуръат дар масири Инчон – Пхенчон барои пазироии иштирокчиёни бозиҳо омодаанд”, — гуфтааст Ли Хи Бом.

31 октябр бошад, дар варзишгоҳи «Панатинаикос”-и Афина маросими ботантанаи супоридани машъали олимпӣ ба Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи соли 2018 сурат гирифт. Эстафетаи машъали олимпӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Корея 1 ноябр – 100 рӯз қабл аз бозиҳо шурӯъ шуд. Эстафетаро 7,5 ҳазор машъалбардор аз 17 шаҳру маҳали ин кишвар, ки 2018 километрро дар бар мегирад, мегузаронанд.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пхенчон аз 9 то 25 феврали соли 2018 баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *