Машварати ҳуқуқӣ: Фарзандхондӣ дар кадом ҳолат бекор мешавад?
Тибқи кадом асосҳо фарзандхондии кӯдак аз ҷониби суд бекор карда мешавад?
ВАЛӢ, шаҳри Душанбе
Посухи адвокат Инояи Иноятов:
– Мувофиқи моддаи 145-и Кодекси оила, фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
– ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;
– фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;
– шахси ба балоғат расида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;
– фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайри қобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;
– шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шуда бошад;
– шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз уҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;
– фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;
– шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амалӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ