загс

Машварати ҳуқуқӣ: Ҳуқуқҳои зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ

Аҳдномаи никоҳ нисбати кадом намуди амволи зану шавҳар баста мешавад?

КАБИР, шаҳри Ваҳдат

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад.

Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар, тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар, тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо, хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *