Чоршанбиева: Хушбахтии фарзанд хотири ҷамъи волидон аст

Дар гўшаи «Маслиҳати хушдоман» мо бо бонувони рӯзгордидае ҳамсуҳбат мешавем, ки соҳиби келину домод ҳастанд ва зиндагии хубу осоишта доранд. Ин навбат меҳмони гӯша модари азиз аз деҳаи хушманзари Яхшиволи ноҳияи Ишкошим ҳастанд. Паримо Чоршанбиева се домод доранд.

Саволи мо ба бонуи азиз чунин аст:

— Духтарро чӣ гуна тарбия бояд кард, ки дар оянда келини хуб шавад?

— Мехоҳам суханро аз ҳадиси мубораки Расули Акрам сар кунам, ки фармудаанд: «Ҳар кӣ фарзанди духтаре ёбаду ба ў эҳсон кунад, ҳамон духтар дар қиёмат сипари оташи вай шавад». Хубиву эҳсони падару модар ба фарзанд аз тарбияи хуб вобаста аст. Ман баъди вафоти фоҷиавии ҳамсарам, ки хеле ҷавон ин оламро падруд гуфтанд, шаш фарзандро танҳо ба воя расонидам.

Албатта миёни мардуми мо меҳру муҳаббату мурувват буду ҳаст ва пайвандонамон дар бари мо буданд, аммо тарбия чизи дигар аст. Масалан, хешу ақрабо метавонанд дар мусибату танҳоӣ ёрии моддӣ расонанд ё бо ҳарфҳои муҳаббатомез дарду фироқамонро кам кунанд, аммо тарбия паҳлуҳои дигар дорад.

Шукронаи Худованд, бо гузашти моҳу сол фарзандонам бузург шуданду имрўз қаноти ман ҳастанд. Панҷ духтар дораму як писар, се духтарамро оилаҳои хуб келин карданд.

Акнун мерасем ба он маънӣ, ки духтарро чӣ гуна ба воя расонем, ки келини хуб шавад?

Фарзанд ба он чӣ тақлид мекунад, ки дар оила мебинад ва он чиро ба зиндагияш ворид мекунад, ки дар муҳити ўро иҳота карда дидааст. Барои ҳамин, мо бо рафторамон ба духтар нишон медиҳем, ки дар хонаи шавҳарат чӣ гуна бояд бошӣ. Духтар мебинад, ки модараш бо модаршў, хоҳаршў ва додарони шавҳараш чӣ гуна муносибат мекунад ва ёд мегирад. Дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ба духтар насиҳат мекунанд, ки ба остонаи хонаи шавҳар бо нияти нек қадам мон. Хусурро падар, хушдоманатро модару хоҳару бародарони шавҳаратро хоҳару бародари худат бидон. Мо дар ҳамин гуна оилаҳо ба воя расидем, ки ҳамеша насиҳатамон мекарданд, ки ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳарро ба ҷой биёр.

Духтаронамро чӣ гуна тарбия кардаам, бояд дигарон баҳо бидиҳанд, кўшиш кардам то ҷое азоб кашидаму онҳоро хонондам, соҳиби маълумоти олиянд.

Домодҳоям ҷавонони хубе ҳастанд ва ман онҳоро мисли писари ягонаам дўст медорам.

Бо қудоҳоям муносибати хуби хешутаборӣ дорам, ба духтаронам ҳамеша мегўям, ки дар зиндагии оилавӣ баробари шавҳар меҳнат кунанд. Бори зиндагиро якҷоя кашидан ҳам баракат меораду ҳам эҳтиромро зиёд мекунад. Исрофкор набошанд, он чизеро, ки шавҳар ёфта, ба хона меорад, эҳтиёт кунанд. Ҳамин гуна кору зиндагӣ кунанд, ки ҳам аз аҳли хонаводаву ҳам дар ҷомеа раҳмат шунаванд. Дар тарбияи фарзанд ҳам ба онҳо дар баробари хушдоманҳояшон маслиҳат медиҳам.

Хушбахтии фарзанд ҳамеша боиси хотирҷамъии модару падар аст ва хотири ҷамъ муҳимтарин ҳаловати зиндагист.

Суҳбаторо: ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *