оила

Машварати ҳуқуқӣ: Ҳуқуқи падару модарӣ барқарор мешавад?

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ чӣ гуна амалӣ мешавад?

БАҲРИДДИН, шаҳри Панҷакент

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи моддаи 72-и Кодекси оила, ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусбат тағйир ёфта бошад.

Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.Суд метавонад бо назардошти фикри кўдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кўдак бошад.

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кўдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри ў мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *