Ноҳияи Дӯстӣ: Ба бахши молия таваҷҷуҳ зиёд аст

Бахши молия барои рушди ҳар як шаҳру ноҳия бахши муҳим ба ҳисоб рафта, самаранокии фаъолияти дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин менамояд. Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ин бахш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

Буҷети маҳаллӣ

Бино ба иттилои сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Саиднизомиддин Самадзода, буҷети маҳаллии ноҳияи Дӯстӣ барои соли 2023 бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ аз 27-уми декабри соли 2022, №212 бо қисми даромад аз ҳисоби андозҳои вобасташуда ва танзимшаванда ба маблағи 48109840 сомонӣ, маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети вилоят ба буҷети маҳаллии ноҳия барои мувозинати қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2023 ба маблағи 28430410 сомонӣ, қисми хароҷот ба маблағи 77200313 сомонӣ, касри буҷет ба маблағи 660063 тасдиқ гардидааст.

— Бояд қайд намуд, ки фонди музди меҳнати солонаи ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия бо нарзардошти маблағҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ 64970760 сомонӣ ё ин ки 84 фоиз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷети маҳаллиро дар соли 2023 ташкил медиҳад,- афзуд ӯ.

Зикр гардид, ки аз тарафи Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дар мадди аввал маблағгузорӣ намудани моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти музди меҳнат маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ равона гардидааст.

Ҷамъоварии самараноки андоз

Ба гуфтаи С. Самадзода, дар панҷ моҳи соли 2023 баҳри ғанигардонии буҷети маҳаллӣ аз манбаҳои иловагӣ, ҷамъоварии андозҳо самаранок истифода бурда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо тағйироту иловаҳо аз ҳисоби андози ягона 97 фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллии ноҳия ба ҷои 1658540 сомонии ба нақша гирифташуда 1614125 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 44415 сомонӣ кам мебошад.

Аз ҷумла, андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба ҷои 4630945 сомонии нақша 4351946 сомонӣ ё ин ки 94 фоиз, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба ҷои 2335726 сомонии нақша 4472371 сомонӣ ё ин ки 191 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда ба ҷои 1353030 сомонии нақша 396525 сомонӣ ё ин ки 29 фоиз, андоз аз моликияти ғайри манқул ба ҷои 6481405 сомонии нақша 6724780 сомонӣ ё ин ки 104 фоиз, андоз тибқи низоми соддакардашуда ба ҷои 3369743 сомонии нақша 3086661 сомонӣ ё ин ки 92 фоиз, андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ ба ҷои 188992 сомониии нақша 147052 сомонӣ ё ин ки 78 фоиз, андоз аз соҳибони воситаи наклиёт ба ҷои 1183292 сомонии нақша 1192208 сомонӣ ё ин ки 101 фоиз, боҷи давлатӣ ба ҷои 364392 сомониии нақша 404761 сомонӣ ё ин ки 111 фоиз, дигар пардохтҳои маҳаллӣ ба ҷои 599886 сомонии нақша 684109 сомонӣ ё ин ки 114 фоиз иҷро шудааст.

Маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркуниҳо

Тавре зикр гардид, дар маҷмуъ қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркуниҳо 103 фоиз таъмин гардида, ҳамзамон ба буҷети маҳаллии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок (субвенсия)-и вилоят 11201275 сомонӣ ворид гардидааст, ки 100 фоизи иҷроиши нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар панҷ моҳи соли 2023-юм 98 фоиз иҷро гардида, ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия ба маблағи 30341071 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, соҳаҳои ҳокимият ва идоракунӣ ба ҷои 1356354 сомонии нақша 1323615 сомонӣ ё ин ки 98 фоиз, мудофиа ба ҷои 273154 сомонии нақша 246495 сомонӣ ё ин ки 90 фоиз, маориф ба ҷои 20879688 сомонии нақша 21067711 сомонӣ ё ин ки 101 фоиз, тандурустӣ ба ҷои 7008652 сомонии нақша 6349672 сомонӣ ё ин ки 91 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ ба ҷои 184437 сомонии нақша 204153 сомонӣ ё ин ки 111 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҷои 21733 сомонии нақша 188329 сомонӣ ё ин ки 87 фоиз, фарҳанг ва варзиш ба ҷои 667376 сомонии нақша 644357 сомонӣ ё ин ки 97 фоиз, хоҷагии қишлоқ ба ҷои 139230 сомонии нақша 104990 сомонӣ ё ин ки 75 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия ба ҷои 63333 сомонии нақша 60000 сомонӣ ё ин ки 98 фоиз, дигар намуди хароҷот ба ҷои 15092 сомонии нақша 14784 сомонӣ ё ин ки 98 фоиз иҷро шудааст.

Фонди захиравӣ

Гуфта шуд, ки дар панҷ моҳи соли 2023 фонди захиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба андозаи 0,5 фоиз аз ҳаҷми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2023 ба маблағи 240549 сомонӣ пешбинӣ гардида,  дар асоси талаботҳои “Тартиби ташкил ва истифодабарии маблағҳои фонди захирвии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳал”, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2011, №602 тасдиқ гардидааст.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бо қарори раиси ноҳия ба соҳаи мақомоти роҳбарикунанда 100592 сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг ва варзиш 46260 сомонӣ равона гардидааст.

Даромади буҷет

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, бинобар сабаби зиёд будани нақшаи қисми хароҷот нисбати даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар панҷ моҳи соли 2023 барои пӯшонидани қисми хароҷот аз буҷети вилоят маблағҳои мақсаднок 11201275 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 11201275 сомонӣ ё ин ки 100 фоиз аз худ карда шуда, маблағҳои воридшуда аз ҳисоби буҷети вилоят пурра барои музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия равона карда шудааст.

Тавре зикр гардид, аз тарафи Раёсати молияи ноҳия барои зиёд намудани даромади буҷети маҳаллӣ, пурра ва босифат ҷамъоварӣ кардани андозҳои давлатӣ ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва фонди нафақа, инчунин ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав гурӯҳҳои корӣ дар якҷоягӣ бо кормандони нозироти андози ноҳия фаъолият намуда, баҳри барҳам додани бақияпулиҳои андоз, хусусан андози иҷтимоӣ ва пешгирӣ намудани бақияпулиҳо бо ташкилоту идораҳо кор бурда истодаанд.

— Ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 бақияпулиҳои андоз 5437899 сомониро ташкил медод, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати аз байн бурдани бақияпулиҳои андоз дар панҷ моҳи соли ҷорӣ, бақияпулиҳо ба маблағи 399603 сомонӣ кам карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавии буҷет асосан барои музди меҳнат, нафақа ва ҳиссаҷудокунии суғуртаи иҷтимоӣ равона карда шудааст. Қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ дар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад,- мегӯяд сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Саиднизомиддин Самадзода.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *