оила

Машварати ҳуқуқӣ: Алимент чӣ гуна муқаррар мегардад?

Барои рўёнидани алимент аз волидайне, ки кўдакашонро дастгирӣ намекунанд, ба кадом мақомот муроҷиат намудан мумкин аст?

МИРЗО, шаҳри Бохтар

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Уҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ дар моддаи 80-и Кодекси оила пешбинӣ гардидааст.

Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.

Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома дар хусуси пардохти алимент банданд. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.

Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *