Резаахбор: Аз пирӯзии тоҷикон то овоза атрофи номи Сегрт

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии дӯстонаи дуюм бар тими Ҳонгконг пирӯз шуд. Вохӯрӣ 19-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом ёфт. Бозии дӯстонаи якум миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳонконг мусовӣ — 1:1 анҷом ёфта буд.

***

Дар Тошканд мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид. Дастаи Эрон ғолиби ин мусобиқот гардид. Дар бозии ниҳоӣ Эрон бар Ӯзбекистон пирӯз шуд — 1:0. Муаллифи голи ягона Сардор Озмун гардид. Барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дастаи мунтахаби Уммон бар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

***

Аз 15 то 18-уми июн дар шаҳри Фанг-Нгаи Тайланд дар Чемпионати қаиқронии Осиё марафон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд. Шаҳриёр Даминов байни калонсолон дар намуди каноэ якнафара ҷойи дуюм дар масофаи 10000 метр ва Раҷабов Муҳаммадӣ байни наврасон дар намуди каноэ якнафара дар масофаи 10000 метр ҷойи аввалро сазовор гаштаанд.

***

Баъд аз нокомии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA овозаҳое пайдо шуданд, ки мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аз вазифаи сармураббии ин даста истеъфо додааст ва ФФТ номзадии Игор Черевченко, Виталий Левченко ва боз чанд мутахассиси маҳаллиро баррасӣ мекунад, аммо сухангӯи Федератсия ин ҳамаро рад кард ва гуфт, ки Сегрт то ҳол сармураббии даста аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *