загс

Машварати ҳуқуқӣ: Аз зани ҳомиладор ҷудо шудан мумкин аст?

Оё шавҳар ҳангоми ҳомиладор будани зан бо даъво оид ба бекор намудани ақди никоҳ ба суд муроҷиат карда метавонад ё не?

ШАБНАМ, шаҳри Турсунзода

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

Мувофиқи талаботи Кодекси оила, шавҳар ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар муҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *