Дар Хуҷанд бинои нави Академияи ВКД сохта мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба бинои нави Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз чор ошёна, таҳхона ва болохона иборат буда, дар ояндаи наздик дар ин бино тамоми шароит барои кормандони мақомоти милитсия муҳайё карда мешавад.

Ба масъулини сохтмон дастур дода шудааст, ки корҳо босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом дода шаванд.

Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти ШБДА-и шаҳри Хуҷанд автомашинаи нави хизматӣ тақдим карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *