Антонио Конте

Конте «Тоттенхэм»-ро тарк мекунад

Сармураббии тими “Тоттенхэм” Антонио Конте эълон кардааст, ки ин тимро тарк мекунад. Дар ин бора дар сайти клуб хабар додаанд.

«Ба шумо хабар медиҳем, ки сармураббӣ Антонио Конте бо мувофиқаи тарафайн дастаро тарк мекунад. Мо ба ӯ барои саҳмаш изҳори сипос мекунем ва барояш барори кор таманно дорем»,- омадааст дар изҳорот.

То охири мавсим ёвари Конте Кристиан Стеллини сармураббӣ хоҳад шуд.

Президенти клуб Дэниел Леви таъкид кардааст, ки «Тоттенхэм» бояд дар мавсими оянда дар Лигаи Чемпионҳо ҷой гирад.

«Мо даҳ бозии Лигаи Премерӣ дорем ва барои гирифтани ҷои Лигаи Чемпионҳо мубориза мебарем. Ҳамаи мо бояд якҷоя бошем. Ҳама бояд кори аз дасташ меомадаро кунанд, то натиҷаи беҳтаринро барои клуби мо ва мухлисони содиқи мо таъмин кунад»,- гуфтааст ӯ.

Конте 53-сола аст. Вай моҳи ноябри соли 2021 дар “Тоттенхэм Хотспур” кор кардааст. Шартномаи ӯ то охири мавсими имсола ҳисоб карда шуд. Дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Англия бошгоҳи Лондон бо 49 имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *