Машварати ҳуқуқӣ: Маҳрум шудан аз ҳуқуқи падарӣ чӣ оқибат дорад?
Маҳрум намудани падар аз ҳуқуқи падарӣ ба кадом оқибатҳо мерасонад? Оё чунин падар аз пардохти алимент ба фарзандаш озод мешавад ё не?
АСЛИЯ, шаҳри Ҳисор
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
– Мувофиқи талаботи моддаи 71-и Кодекси оила падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд, аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кўдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88-и ҳамин Кодекс) аз кўдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
Зимнан, махсус ёдрас менамоем, ки маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад. Бо ҳамин асос, падаре, ки аз ҳуқуқи падарӣ нисбати кўдакаш маҳрум шудаст, уҳдадор аст, ки то ба синни балоғат расидани кўдакаш алимент пардохт намояд.
Кўдаке, ки нисбати ў падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ