Таъсиси “Шаҳри бехатар” дар ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Дар ШВКД-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт маркази хурди назорат ва идоракунии «Шаҳри бехатар» таъсис ёфт, ки дар маросими ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода, муовинони сардори Раёсат ва сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои пойтахт ширкат намуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввал дар ин марказ 74 адад камераҳои назоратии босифату замонавӣ насб карда шуда, маконҳои ҷамъиятӣ зери назорату корбарии доимӣ қарор дода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» минбаъд низ такмил ёфта, дар марҳилаи навбатӣ тамоми маконҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бо камераҳои босифат таҷҳизонида шуда, дар ШВКД-и ҳар як ноҳия чунин марказҳои хурди назоратбарӣ таъсис дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *