Маъсума Аминоваи 104-сола: Сабр одамро сабз мекунад!

Дар консерти сарояндаҳои маъруф Алишер Қаноатзода ва Гулпарӣ Орифзода лаҳзаи хотирмон иштирок ва дуои модари 104-солаи Алишер буд, ки ба хотири консерти фарзандаш аз деҳаи дурдасти Артучи Панҷакент ба пойтахти кишвар омада буд.

 Пас аз консерт ба аёдати ин зани зиндагидида ва нуронӣ рафтем. Маъсума Аминоваро дар хонаи фарзанди машҳураш Алишер, ки роҳбари ансамбли “Тарона ва рақс”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев аст, дар иҳотаи наберагону аберагонаш пайдо кардем.

Бибии Маъсума дар чунин синну соли муборак ҳамоно зиндадил ҳастанд ва маро бо чеҳраи гарм пешвоз гирифтанд. Аз даврони кӯдакиҳояшон пурсидам.

Ман дар деҳаи Артуч таваллуд шудаам. Дар ҳамин деҳа ба мактаб рафта, якбора таҳсилро аз синфи 2 шуруъ кардам, зеро аз хурдӣ ба хондан шавқу ҳаваси беандоза доштам. Падарам мулло Амин хатмкардаи мадрасаи Бухоро буданд. Одами донишманде буданд”,- нақл карданд бибии Маъсума.

Ин модар мегӯяд, ки дар замони наврасиву ҷавонии ӯ духтарон озод набуданд ва имкони таҳсил надоштанд. Маҳз ҳамин монеъ шудааст, ки ӯ таҳсилашро идома диҳад.

Маро баъди хатми синфи 8 ба маркази район — ҳоло деҳаи Колхозчиён оварданд, то ки таҳсиламро идома диҳам. Аммо таҳсили ман метавонист боиси гапу калочаи зиёд дар деҳа шавад. Бинобар ин, ба деҳа, назди падару модар баргаштам”,- афсӯс мехӯрад бибии Маъсума.

Ҳамин тавр, ӯ аз хурдӣ дастёри падару модар мешавад. Ҳамроҳи волидон ба авул рафта, ба корҳои хона ёрмандӣ мекунад.

“Духтараки хурду назарногир, вале бағайрат будам. Вақте падарам барои ҳезумчинӣ ба куҳу пуштаҳо мерафтанд, ҳамроҳашон мерафтам”,- ба ёд меорад он рӯзҳоро ин пиразани 104-сола.

Онҳо дар оила 4 нафар буданд — 2 духтару 2 писар.

Бибии Маъсума 50 соли зиндагии якҷоя бо шавҳараш Қаноатро солҳои пурнишоти умраш медонад.

Бо шавҳарам ҳамроҳ 50 сол зиндагии хушбахтона доштем. Ҳамроҳи шавҳарам амакбача будему бо ишқу муҳаббат оиладор шудем. Шавҳарам 40-рӯза аз падар ятим монда, сағера калон шуда буданд. Он кас корманди низомӣ буданд. Соҳиби 8 фарзанд — 5 писару 3 духтар шудем...”,- мегӯяд бибӣ.

Бибии Масъума тамоми ҳунарҳои занона, сар карда аз кашидадӯзиву гилембофӣ то пазандагиву дӯзандагиро хуб метавонист ва дар маъракаву тӯйҳои мардуми деҳоти Артуч хизмат мекард. Ба фарзандонаш низ меҳнатдӯстиро омӯзонидааст. Ҳоло ба 48 набераву 62 аберааш насиҳатгӯ аст.

Ман ба фарзандону набераҳо ва абераҳоям маслиҳати модарона медиҳам, ки дар зиндагӣ таҳаммулпазир бошанду ҳурмати хусуру хушдоман ва шавҳарро ба ҷо оранд, он гоҳ дар зиндагӣ муваффақ мешаванд. Сабр кунанд, зеро одамро сабр сабз мекунад”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бибии Масъума хеле меҳмондӯст ҳастанд. То ҳол касе аз дарашон дарояд, тоҷикона меҳмондорӣ мекунанд. Келини хонадон Малоҳат мегӯяд, ки меҳмоннавозиро аз хушдоман омӯхтааст: “Хушдоманам бароям мисли модар ҳастанд, то ҳол аз маслиҳатҳо ва кумакҳояшон истифода мебарам. Новобаста аз синну солашон то ҳол дар хона раҳнамову маслиҳатдеҳи мо келинҳо мебошанд. Дар рӯзгордориву меҳмондорӣ ва дастархондорӣ ҳамеша маслиҳаташонро мегирем”.

Сароянда Алишер Қаноатзода, писари бибии Масъума мегӯяд: “Ман хушбахттарин шахс ҳастам, ки модар дорам. Модарам дуогӯйи ман ҳастанд. Ҳар субҳамро бо шунидани занги телефонии модарам оғоз мекунам. Вақте ба сафарҳои ҳунарӣ меравам, аввал дуои модарамро мегирам”.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *