Мавсими нав бо чор бозӣ оғоз шуд

Дар Тоҷикистон мавсими нави футбол рўзҳои 2 ва 3-юми апрел бо чор бозии даври якуми Coca-Cola-Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуд.

Дар вохўрии байни дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ ва «Истаравшан»-и Истаравшан аз ҳама бештар гол зада шуд. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи дастаи Восеъ 5 голи беҷавоб заданд. Муаллифи аввалин гол дар мавсими 2022 легионери камерунии “Истаравшан” Мбеке Сиябатчу Деудонӣ гардид.

Бозӣ миёни ду дастаи нави лигаи олӣ — “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”-и Зафаробод бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом ёфт.

Дар дербии Суғд миёни дастаҳои “Эсхата” ва “Хуҷанд” бонкчиҳо ғалаба карданд — 1:0. Дар дербии Хатлон бошад, “Хатлон”-и Бохтар бар “Равшан”-и Кўлоб пирўз шуд — 3:1.

Вохўрии байни дастаҳои «Истиқлол» ва КМВА ба далели дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат кардани аввалӣ ба вақти дигар гузаронида шуд.

Бозиҳои даври дуюм 8-10-уми апрел баргузор мешаванд. 8-уми апрел «Эсхата» бо «Файзканд», 9-уми апрел «Истаравшан» бо «Хатлон», 10-уми апрел «Хуҷанд» бо «Равшан» (Зафаробод) ва КМВА бо «Регар-ТадАЗ» вомехўранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *